ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Дар он вазири фарҳанги ҶТ Мирзошохрух Асрорӣ, директори Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Қурбон Афғонов ва аҳли илму адаб иштирок намуданд. Дар ҷамъомад иштирокчиён аз натиҷаҳои фестивал гузориш дода, қайд намуданд, ки мақсади асосии баргузории он тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи хонандагон ба китобу китобхонӣ мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки бо гузаронидани Ҳафтаи китоб насли наврас беҳтару бештар бо таърихи миллат, дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, мероси баландғояю гаронбаҳои ниёгон ва адибони бачагон шиносоӣ пайдо намуданд. Дар ҷамъомад иштирокчиёни фаъоли Фестивал қироати шеър намуда, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Дар доираи чорабинӣ, намоиши китоб таҳти унвони «Мо- насли хушбахти замон» ва ярмаркаи фурӯши матбуоти даврӣ ва китобҳои нашриётҳои ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар хотима, барои иштирокчиён барномаи консертии «Базми «Фурӯғи маърифат» бо иштироки хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев, Мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ва Мактабҳои бачагонаи санъати ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор доир гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






