ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Қудратов А.). — Имрӯз вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо сафири Ҷумҳурии Куриё дар ҶТ ҷаноби Ким Хонг Су баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Куриё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар рушди таэквандо дар ҷумҳурӣ, ки асосгузораш ҷумҳурии Куриё мебошад, сухан рафт. Қайд гардид, ки варзишгарони тоҷик дар ин намуди варзиш солҳои охир ба беҳтарин дастовардҳо ноил шуданд. Аз ин сабаб ҷониби Куриё дар самти рушди ин соҳа дар Тоҷикистон дар таъмини лавозимоти варзишӣ мусоидат хоҳад кард. Дар охири мулоқот ҷониби Куриё омодагӣ изҳор намуд, ки Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Куриё дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расонида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






