ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧЕХИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетский эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбат бо Роберт Капетский, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои барқарорсозии робитаҳои пештараи Тоҷикистону Чехия ва густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «сатҳи имрӯзаи ҳамкории ду кишвар ба имконоти мавҷуда мутобиқат намекунад». Иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои нави обӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосӣ барои густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Созмони Милали Муттаҳид зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судманд оид ба масоили вобаста ба мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа хоҳад буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






