ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар» — Кабар). — Имрӯз сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов бо директори Агентии давлатии масъалаҳои дини назди ҳукумати Қирғизистон Канибек Усмоналиев мулоқот кард. Зимни сӯҳбат нақшаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаи дин муҳокима шуданд. Аз ҷумла, баъзе ҷузъиёт ва нуктаҳои қонунҳои дар ҳар ду мамлакат роҷеъ ба дин қабулгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зикр шуд, ки нуктаҳои асосии қонунҳои ҳар ду кишвар дар бораи дин умуман ба ҳамдигар қаробат доранд. Илова бар ин ба масъалаи ифротгароии динӣ ва роҳҳои мубориза бо он бо мақсади таъмини вазъи босуботи ҷомеа дахл карда шуд. К.Усмоналиев пешниҳод кард, дар доираи Ҷомеаи иқтисодии Евразия барои ҳамаи мамлакатҳои аъзои он дар бораи дин ва созмонҳои динӣ қонуни умумӣ қабул карда шавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






