ҲАМОВОЗӢ
Душанбе, 15 апреля. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Иҷрокунандаи вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки ҳамчун корманди собиқадори нақлиёти роҳи оҳани кишвар ва намояндаи русзабони аҳолии мамлакат аз Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба парламенти мамлакат таассуроти калон ҳосил кардааст. В.Собкалов таъкид кард, ки Паёми Сарвари давлат пеш аз ҳама ниҳоят фарогиранда, далелнок ва таҳлилӣ буда, дастовардҳо ва проблемаҳои ҳаёти иқтисодии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Баъдан Ҷаноби Олӣ на танҳо таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии чаҳониро ба иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дар хоҷагии халқи мамлакат чойдоштаро якояк нишон медиҳад, балки роҳу василаҳои баромадан аз ин варта ва бартараф сохтани оқибатҳои онро равшану мушаххас баён намуд. Албатта, гуфтаҳо дар боби тезонидани корҳои сохтмони роҳу нерӯгоҳҳо, корбурди максадноки маблағҳо ва зудтар paҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ барои ман наздиктаранд, ки татбиқашон рузгори ҳар яки моро рангин хоҳад гардонд, гуфт В.Собкалов. Вай зикр намуд, ки ба ӯ рӯҳияи ватандӯстона ва интернатсионалистии суханронии Сарвари давлат писанд омадааст ва ҳар тоҷику тоҷикистониро ба ваҳдату бунёдкорӣ ва ҷасорату худшиносӣ даъват мекунад. Ба ақидаи В.Собкалов вақти он расидааст, ки ҳар яки мо дар атрофи роҳбари аввали кишварамон муттаҳид гардида, якдилона барои ободониву шодмонии имрӯзу ояндаи Ватани азизамон хизмат кунем.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






