ҲХДТ ДАР ИСТАРАВШАН СОҲИБИ БОҒ ШУД

Апрель 9, 2009 16:34

                      Истаравшан, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон акнун дар шаҳри Истаравшан боғу токзори худро дорад. Ногуфта намонад, ки бахши истаравшании ин ҳизб дар қисмати шимолу ғарбии шаҳр, дар деҳаи Ниҷонӣ дар як га замин боғ иборат аз 500 бех ниҳолҳои себ, нок, зардолу, олу, гелос ва дар майдони як гектар токзор иборат аз ангури навъҳои нодири чиллагӣ, тоифӣ ва кишмиши сиёҳу сафедро бунёд кард.                «Дар бунёди боғу токзори ҲХДТ саҳми аъзои он аз ташкилоти ибтидоии деҳаи Ниҷонӣ, ки аз 150 нафар фаъолон иборат аст, калон мебошад», — гуфт раиси мақомоти иҷроияи маҳалии ҲХДТ Баҳодур Воситов. Фаъолони ҳизб имрӯзҳо дар барқарор кардани боғу токзорҳои кӯҳна дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» (иборат аз 15 га) ва хоҷагии деҳқонии «Ҳомид Восит» (иборат аз 10 га) саҳми худро мегузоранд.                                                                                                                                                      Таҳрири Жасмин Назарова

Апрель 9, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад