ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА

Апрель 13, 2009 16:46

               Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он сардори идораи мазкур Азим Иброҳим доир ба фаъолияти соҳа дар давоми се моҳи гузашта маълумот дод.               Бояд қайд намуд, дар семоҳаи соли 2009 аз тарафи мутахассисони саридораи номбурда ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳазор зиёдтар мебошад.Зикр карда шуд, ки дар семоҳаи якум дар КМ «Зарафшон», ҶММ КМ «Анзоб», ҶШК «Сангтӯда-1», ҶДММ «Покрӯд» корҳои ҷустуҷӯии геологӣ гузаронида шуд.                Инчунин саридораи геология, ҳамчун мақоми иҷроияи диҳандаи иҷозатнома барои истифодаи захираҳои табиӣ дар ин давра 50 лоиҳа қарордодҳоро ба муҳокимаи комиссияи ташхисии андоз пешниҳод намуда, 5 қарордоди ҳамкорӣ имзо кард. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки раёсати умумии геология аввали ҳамин сол дар шабакаи ҷаҳонии Интернет саҳифаи алоҳидаи худро кушод, қайд кард дар хотима А.Иброҳим.   

Апрель 13, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад