6 НЕРӮГОҲ ДАР ВАНҶ
Бадахшон, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Аз соли 2010 сар карда, дар ноҳияи Ванҷ бунёди 6 нерӯгоҳи хурд оғоз мегардад. Ҳоло бошад нерӯгоҳи барқии ноҳия сокинони деҳотро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ҳамзамон дар ҷамоати Язгулом деҳаҳои дурдасте ҳастанд, ки бар асари камбудии нерӯи барқ сокинонашон имрӯз ба мушкилоти бештаре рӯ ба рӯянд. Ба хотири бо нерӯи барқ таъмин кардани сокинони ин деҳот дар ҷамоати номбурда созмони ғайридавлатии ҳамоҳангсозии ҳавзаи дарёи Ванҷоб ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият мекунад ва аз ҷониби Маркази дастгирии хоҷагиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ тариқи бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, аз соли ҷорӣ ба васли батареяҳои офтобӣ оғоз менамояд. Ин амал ба пиёда гардидани ду барнома дар деҳаҳои Будун ва Шавуди ҷамоати Язгулом сар мешавад. Дар ибтидо 3 батареяи офтобӣ васл мегардад, ки ҳар кадомашон қудрат доранд то 15 бунаро бо нерӯи барқ таъмин менамоянд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






