АБӮҲАНИФА ДАР ШАБАКАИ АВВАЛ
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми имрӯз, аниқтараш соати 21 қисми якуми филми ба наворгирифтаи синамогарони Ҷумҳурии Арабии Миср «Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон» тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди хукумати ҷумҳурӣ Абдуманнон Абдураҳмонов гуфт, ки филми мазкур аз 39 қисмат иборат буда, он аз ҷониби тарҷумон Муҳаммадҷон Умаров аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Дар филми мазкур муҳити зиндагӣ, ҷараёни ташаккули шахсият ва густариши таълимоти яке аз намояндагони барҷастаи дини мубини Ислом, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ- Абӯҳанифа Нӯъмон Собит Имоми Аъзам (699 — 776) таҷассум гардидааст. Филми мазкур аз ҷониби филмофарони Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Арабии Миср ба навор гирифта шуда, он ҳамчун тӯҳфаи Ҳукумати ин кишвар зимни сафари расмии вазири давлатии Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ хонум Фоиза Абуннаҷо ба Президенти Тоҷикистон ва мардуми он тақдим карда шуд. Филми мазкур ба ифтихори Соли бузургдошти бунёдгузори мазҳаби ҳанафия- Имоми Аъзам ҳар шоми чоршанбе тавассути Шабакаи аввал пешкаши пайравони мазҳаби Абӯҳанифа гардонида мешавад.Бояд тазаккур дод, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳанӯз дар асри 8 дар шаҳри Куфаи Ироқ арзи вуҷуд намудааст ва имрӯз беш аз 50 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайравони мазҳаби ҳанафианд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






