АМОНАТҲО БА АНДОЗАИ 5,7 ФОИЗ АФЗУДАНД

Апрель 10, 2009 16:18

                  Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии амонатҳо дар семоҳаи аввали соли равон ба 2 023,8 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2008 ба андозаи 5,7 фоиз афзудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.                   Ба иттилои сарчашма, ҳиссаи амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби ҳаҷми умумии амонатҳо мутаносибан 30,6 фоиз ва 69,4 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 158,9 миллион сомонӣ ва ё 25,4 фоиз афзудааст, ки ба ин 48,4 миллион сомонӣ ва ё 8,5 фоиз зиёд гардидани амонатҳо бо пули миллӣ мусоидат намуд.  

Апрель 10, 2009 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид