АНҶОМИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ НАЗДИК АСТ
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). -Сохтмони долонҳои зидди тарма (галерея), ки дарозии 3 645 метр ва бо арзиши умумии 30,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тавре директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ» Қодир Саидов иттилоъ дод, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва таҷдид, роҳи Душанбе -Чаноқ ба 3 қитъа ва галереяю нақб тақсим карда шудааст. Дар як қисмати қитъаҳои роҳ, корҳои кандани қабати болопӯши замин ва таҳкурсии роҳ, корҳо барои сохтмони таҳкурсии хокрезаи роҳ, корҳои васеъ намудани хокрезаи роҳ, корҳои ташкилӣ барои сохтмони роҳҳои муваққатӣ, кандани нақб, хобонидани қубурҳои обгузар, сохтмони кӯпрукҳо ва долонҳои зидди тарма (галереяҳо) аз ҷониби пудратчӣ бо муваффақият иҷро шуда истодааст. Дар назар аст, ки анҷоми корҳои сохтмонӣ то соли 2010 ба анҷом расида, иншооти мазкур пурра мавриди баҳраварди қарор меёбад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






