БАҚИЯИ АМОНАТҲОИ БМТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ бақаия умумии амонатҳои Бонки миллии Тоҷикистон 1 946,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали сол 1,7 фоиз зиёд аст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 22 апрел, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зикр кард. Ӯ афзуд, ки дар ин давра амонатҳои шахсони воқеӣ ба 789,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз афзудааст. Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор дар ин давра 13,9 фоиз бо пули миллӣ ва 17,4 фоиз бо асъори хориҷиро ташкил дод. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ 984,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз афзуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 830,6 млн. сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,7 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бошад дар давоми се моҳи якуми соли равон 25 фоиз бо пули миллӣ ва 24,5 фоиз бо асъори хориҷиро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






