«БАЧАҲО ТАКЯГОҲИ МО»
Суғд, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ғончӣ, ҳафтаи адабиёти бачагон ва наврасон баргузор гардид. Барои он ки барномаи ҳафта рангину хотирмон таҳия шавад, мудири китобхона Н. Умарова, китобдор Ш. Норбоева, китобшинос Д. Намозова, мушовири идораи фарҳанг оид ба кор бо бачаҳо И. Икромова ҷидду ҷаҳди зиёд карданд. Дар натиҷа, рӯзҳои намоиши китоб таҳти унвони «Бачаҳо такягоҳи мо», мулоқот ва сӯҳбатҳо бо муаллифони китобҳо бо номи «Шоирон дар васфи бачаҳо», хониши адабиёти ҳаҷвӣ аз рӯи асари нависандаи немис Хауф Вилгелм «Биникадуча», субҳи адабӣ бо номи «Мо насли хушбахти замон», хеле шавқовар гузашт. Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинӣ баробари иштироки мактабиён бачагони синни томактабӣ низ ҷалб гардиданд. Дар ин ҷода саҳми мудирони боғчаҳои бачагонаи шаҳраки Ғончиро бояд қайд кард. Директори китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи ғончи Шаҳло Умарова гуфт, ки тарбияи кӯдак бояд аз гавҳора сар шавад ва муҳаббати дӯстдории китобро низ дар бачаҳо аз хурдсолӣ тарбият бояд кард. Ҳафтаи мазкур бо конфронси адабии китобхонаҳои ноҳия таҳти унвони «Тоҷикистон хонаи умеди мо» ҷамъбаст гардид. Иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Таҳрири Жасмин Назарова








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






