БЕКОРОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Апрель 11, 2009 09:50

                 Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор гардида, дар натиҷа бекорон ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, — иброз дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.                 Дар ярмаркаҳо 22 корхонаву муассисаҳо ширкат варзида, 1720 ҷойҳои кори холиро дар дохили ҷумҳурӣ ба зиёда аз 3500 нафар корҷӯён пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 136 нафар ба корҳои доимӣ ва 32 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.                 Инчунин, бо ташаббуси Кумита ташкил ва баргузории саёҳати хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомии вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, сарраёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ ба роҳ монда шуд.

Апрель 11, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид