БМТ ЧӢ ҚАДАР ЗАХИРАИ ТИЛЛО ДОРАД?

Апрель 22, 2009 14:14

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Меъёри захираҳои ҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли равон дар сатҳи 9 ва 11 фоиз бетағйир боқӣ монда, долларикунонии иқтисодиёт зиёда аз 65 фоиз ва меъёри бозтамвил аз 13,5 то 12 фоиз паст карда шуд.                 Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки захираи умумии тиллоию асъории БМТ ба ҳолати якуми апрели соли равон 174,96 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар охири соли 2008 ба 198,58 миллион доллари амрикоӣ баробар буд.                 Дар ин давра пулҳои захиравӣ 1 663 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218,1 миллион сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1 418,7 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 282,8 миллион сомонӣ ё 24,9 фоиз зиёд гардид.

Апрель 22, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад