БОҒИ НАВ ДАР ДАРВОЗ
Бадахшон, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз, ки 400 гектар замини кӯҳдоман дорад, то баҳори соли ҷорӣ ба ҳайси чарогоҳ истифода бурда мешуд. Бо ибтикори, раиси ноҳия Саидалӣ Мусофиров баҳори соли ҷорӣ азхудкунии ин заминҳо оғоз гардид. Аз масофаи 1,5 км оби силсилачашмаҳоро гирд оварда, дар қубури 100 мм ҷой доданду вориди Дашти Луч гардониданд. Дар ин ҷо дар масоҳати 5 гектар боғи нав бунёд гардид. Дар даруни боғ аллакай 1,5 ҳазор бех ниҳолҳои себ, нок, зардолу ва амсоли онҳо шинонда шуданд. Байни қаторҳои дарахтон юнучқа коштанд. Хароҷоти маблағи бунёди боғи навро Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ, бар зимма гирифт ва ба ин хотир 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ба хотири пайваста бо об таъмин кардани боғ ҳавзи калонеро бунёд намуданд. Бидуни ин систерноҳои 60 тонагӣ ба ин ҷо оварда васл карда шуданд ва бо ҳамин мушкилоти таъмини об аз миён бардошта шуд. Ба хотири нигоҳубини боғ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ташаббускори ин бунёдкорист, онро бо чанд қисмат ҷудо намуда, ба идороту муассисоти ноҳия вобаста кард. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, давраи дуюми аз худ кардани ин дашт баҳори соли 2010 оғоз мегардад. Дар ин вақт на танҳо боғҳо бунёд мешаванд, балки заминҳои корамро мавриди истифода қарор медиҳанд. Бо ҳамин марҳила ба марҳила 400 гектар замини Дашти Луч ба истифодабарӣ дода мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






