БУНЁДКОРИҲО БО НЕРӮИ ҲАШАРЧИЁН
Бадахшон, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Тариқи ҳашар ободу зебо намудани диёр анъаноти ниёгони мост. Ҳар сол маҳз бо чунин ташаббуси хайрхоҳонаву ватандӯстона корҳои зиёди ободониву кабудизоркунӣ сомон дода мешавад. Соли ҷорӣ низ дар доираи нақшаи «700 рӯзи ободонӣ» сокинони деҳот дар таъмири роҳҳову ҷуйборҳо, бунёди боғҳои наву эҳёи боғоти кӯҳна, гулгаштҳо, ниҳолшинонӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Танҳо дар ҳафтаи ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Тусиёну Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар ҳашари умумие, ки рӯзҳои шанбею якшанбе ва баъди итмоми кор баргузор гардиданд, таи дуюним ҳазор нафар ширкат варзида, дар таъмири 9 ҷуйбор, 4 канали калони обгузар, 20 км таъмири хатти интиқоли оби ошомиданӣ, таъмири боғоти мавзеҳои Сазду Зигур, Нудҷу Риҷист, Хидорҷеву Тавдем таъмири роҳҳои мошингарди Бодому Сумҷев ва дигар деҳоти ноҳияи Ишкошим саҳм гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






