Д. ҲОТАМОВ: «ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ ДАР 126 ҲОЛАТ МЕЪЁРҲОИ СТАНДА

Апрель 16, 2009 14:41

                Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ 447 санҷиш гузаронида, дар 126 ҳолат риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатиро ошкор намуданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 апрел, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сетификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов.                Ӯ афзуд, ки натиҷаҳои аксари ташхисҳои озмоишгоҳҳо нишон медиҳанд, ки баъзе соҳибкорон маҳсулоти ҳасибии бесифат, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат, бетамға ва бо истифодаи ғилофаҳои қалбакӣ истеҳсолшударо ба бозори истеъмолӣ ворид мекунанд. Нисбат ба чунин соҳибкорон мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, маҳсулоти эшон нобуд карда мешавад.               Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар 390 корхона назорати давлатии метрологӣ гузаронида, дар натиҷа муайян намуд, ки аз 42261 адад воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарордошта 6489 ададаш корношоям мебошад. Ҳаҷми истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 18,2 фоиз ба 15,3 фоиз кам гардид.

Апрель 16, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд