ДАР МӮЪМИНОБОД ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС МЕГАРДАД
Мӯъминобод, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бар асоси иттилои сардори шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Мӯъминобод Раҳмон Икромов тӯли 3 моҳи сипаригардида дар ноҳия 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар натиҷа 32 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 25 нафар ба касбомӯзӣ, 5 нафар мувофиқи салоҳият (квота) ба кор таъмин гардиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ 32 нафари навкорон занҳо мебошанд, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, дӯзандагӣ ва фарҳанг шуғли касб менамоянд. Гуфта мешавад, ки мувофиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ соли ҷорӣ ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия таъсис дода мешаванд, ки дар он беш аз 1700 нафар соҳиби касб хоҳанд шуд. Айни ҳол, аз тарафи 425 ташкилоту муассисаҳо барои ташкили ҷойҳои нави корӣ эъломия пешниҳод гардидааст- иброз дошт Раҳмон Икромов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






