ДАР ПОЙТАХТ ЯРМАРКАИ КОСИБОН КУШОДА МЕШАВАД

Апрель 13, 2009 17:11

                 Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).-Рӯзи 11 апрел дар маркази фарҳангии «Бактрия» маросими кушодашавии ярмаркаи косибон баргузор гардид. Гузаронидани чунин маросимҳо барои маркази фарҳангӣ анъана шудааст. Дар як сол ду маротиба зимистон ва баҳор устоҳо аз тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ маҳсули ҳунарҳои дастранҷи худро намоиш медиҳанд.                 Дар ин ярмарка иштироккунандагон метавонанд маҳсулотҳои заргарӣ, кулолӣ, либосҳои гулдӯзии занона, сумкаҳо ва ғайраро харанд. Ба ғайр аз ин тамошобинон метавонанд таомҳои миллиро чашанд, ба тамошобинон инчунин, навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ пешкаш карда шуд.                 Дар охир ба ҷамъомадагон навъҳои гуногуни либосҳои навбаромад намоиш дода шуд.

Апрель 13, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид