ДАР ВАҲДАТ МУЗДИ МЕҲНАТ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар давоми ду моҳи соли 2009 дар соҳаи хоҷагии халқ беш аз 11 ҳазору 621 нафар ба кор ҷалб карда шуд, ки музди меҳнати онҳо дар ин муддат 4 миллиону 102,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 133 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба як коргар ба 178,9 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳам ин давраи соли 2008 -48,9 сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 290, 8 сомонӣ, сохтмон — 306,9, нақлиёт -180,7, кишоварзӣ-85,4, тандурустӣ — 103,7, маориф-195,9, хизматрасонӣ-194,9, бонкҳо -364,6 ва савдо 214,8 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






