ДАРОМАДИ СОФИ АМОНАТБОНК 2 МЛН. СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

Апрель 14, 2009 17:23

                Душанбе, 14 апрель. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Даромади софи бонк дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 -ум 3,3% зиёд мебошад, қайд кард дар нишасти матбуотӣ раиси правленияи бонки давлатии амонтгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов.                 Ӯ афзуд, ки сармояи умумии бонк ба санаи 31-уми марти соли ҷорӣ маблағи 109 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 маротиба афзудааст. Активҳои Бонк ба таърихи 1 апрели соли ҷорӣ 475,7 мил. сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 39,5% боло рафтааст.                 Инчунин, қайд гардид, ки имрӯз бонк дар маҷмуъ бо 11 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дорад, ки фаъолияти онҳо дар ҳамаи шӯъбаҳои бонк ба роҳ монда шудааст. Тибқи нишондодҳои охирин дар шӯъбаҳои бонк 154 нуқтаҳои интиқол бо 1267 адад калиди дастёбӣ амал мекунад.                Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба кам шудани ҳаҷми воридоти маблағҳои интиқолии шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ таъсири амиқи манфӣ расонд.                 Ҷиҳати пешгирии саривақтии таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ БДА ҶТ «Амонатбонк» як қатор чорабиниҳоро ба нақша даровардааст. Аз ҷумла, таҳти назорати қатъӣ қарор додани бақияи ҳаррӯза фазои озоди амалиёти асъори бонк, риояи меъёри пардохтпазирии ҷорӣ, ҷалби пасандозҳо ва пешниҳоди қарз бештар бо пули миллӣ, сарфа намудани хароҷотҳои хоҷагидорӣ ва амсоли инҳо.

Апрель 14, 2009 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад