ДАЪВАТИ МУАССИСАИ РУШДИ СММ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Лондон мулоқоти сарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон кушода шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон муҳокима карда мешаванд. Муассисаи рушди СММ дар робита изҳор менамояд, ки дар ин ҷамъомади мӯътабар танҳо проблемаҳои мамлакатҳои мутараққӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Роҳбарони давлатҳои калонтарини саноатии ҷаҳон зимни муҳокимаи ин проблема ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва камбағалу қашшоқ таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Таҳлили проблемаҳои пешинаи иқтисодӣ нишон медиҳад, ки мамлакатҳои камбағалу қашшоқ бар асари чунин дигаргуниҳои азим нисбат ба мамлакатҳои пешрафтаи саноатӣ бештар зарар мебинанд. Дар ин мамлакатҳо на танҳо теъдоди зиёди одамон бекор мемонанд, балки ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, дарозии умри одамон ва сифати машғулиятҳо дар мактабҳо зарари калон расонида мешавад. Дар чунин шароити душвор одамон аз хизмати тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ истифода бурда наметавонанд. Ба қавли коршиносони СММ, се фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф сабаби хеле зиёд гардидани миқдори вафоти бачагони хурдсол ва бемор гардида метавонад. Аллакай, дар шароити ҳозира дар баъзе мамлакатҳои қашшоқ миқдори вафоти одамон чандин баробар афзудааст. Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дар мулоқоти мазкур аз номи 150 мамлакати рӯ ба инкшоф сухан хоҳад кард. Вай, аз ҷумла, дар бораи ниҳоят бад шудани шароити зиндагии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ сухан хоҳад ронд. Бинобар ин, муассисаи рушди СММ мамлакатҳои мутараққиро даъват менамояд, ки то ҳадди имкон ба мамлакатҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф кӯмак расонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






