ДАЪВОИ «АЙРЕНГЕН- ЛТД» БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апреля соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи худ парвандаро оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген- ЛТД» Қ. Ақназаров мавриди барасӣ қарор медиҳад. Тавре аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда мехоҳад, ки дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзад. Қобили зикр аст, ки асоси муроҷиат ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани таиноти кассатсионии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2003 ва ҳалномаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат ба ҷавобгарии Кумитаи давлатии амволи ҷумҳурӣ ва Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген- ЛТД» дар бораи бе эътибор ҳисобидани савдо ва шартномаи хариду фурӯши 75% + 1 саҳомияҳои ШСШК «Пахтаи Пролетар»-и ноҳияи Ҷабор Расулови вилояти Суғд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






