ДИЁРАМОНРО САРСАБЗ НАМОЕМ

Апрель 10, 2009 12:16

                  Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар ВМКБ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Ҳар як инсон кӯшиш мекунад, ки дар оғози баҳор 10-15 бех ниҳол шинонад. Дар дастҷамъӣ кормандони идороту муассисот низ ҳар сол ҳазорон бех ниҳолу буттаҳоро мешинонад. Дар сомони ин кор баробари меҳнат маблағи беше низ масраф мегардад, аммо рӯирост бояд гуфт, ки то баҳори дигар қисмати зиёди ниҳолҳо нобуд мегарданд. Аз боби он, ки чаро чунин ҳодиса рух медиҳад мо ба директори боғи биологии Помири АУ ҷумҳурӣ Сӯҳроб Мӯсоев муроҷиат намудем.                 — Чаро даҳсолаҳо боз бар ВМКБ ниҳолшинонӣ самараи дилхоҳ намедиҳад?                 — Дар мадди аввал ин суст будани дониш ва маърифати экологии шаҳрвандон, бетарафӣ нисбати истифода ва нигоҳубини дарахту гулу гулбуттаҳо мебошад. Як қисмат растаниҳо аз таъсири омилҳои антропогенӣ ва зоогенӣ нест мешаванд, яъне растаниҳо тӯъмаи ҳайвонот мегарданд. Ғайр аз ин аз нарасидани об низ дарахтону буттаҳо нобуд мешаванд. Қисмати дигарро иддае аз шаҳрвандон мешикананд. Яке аз сабабҳои муҳим ин мувофиқати муҳит ба сабзиши ин ё он растанӣ ё бутта аст, яъне дуруст интихоб намудани ниҳолҳову буттаҳост. Баъзан ниҳолу буттаҳои ба ин муҳит номувофиқро мешинонанд, ки онҳо албатта хушк мешаванд.                — Яъне дар ҳар як мавзеъ ниҳолҳоеро бояд шинонд, ки ба муҳит мутобиқ бошанд?                — Бале, Бадахшон аз ноҳияҳои Дарвоз то Мурғоб хусусиятҳои фарқкунандаи иқлимиву хокии худро доро мебошад, ки мутобиқат, рушд ва нумӯи растаниҳо дар ҳар манотиқ ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АУ ҷумҳурӣ вобаста ба омилҳои ҷойгиршавии маҳал, баландӣ аз сатҳи баҳр, боду ҳаво, давомиятнокии мӯҳлати рушд ва инкишофи растаниҳо, паҳншавии растаниҳои худрӯй ва дигар шароитҳои табии ҳудуди вилоят ба панҷ қисмат ноҳиябандӣ мешаванд.                 Ноҳияи якум дар баландиҳои 1000-1500 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ки ба он ҳудудҳои ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи Поён мансуб мебошанд. Ин мавзеъҳои гармтарини Бадахшон ҳастанд. Дар ин мавзеъҳо растаниҳои субтропикӣ, ба монанди лимӯ, апелсин, мандарин, Грейпфрут хуб нашъунамо доранд. Дар мавзеъҳои баландтари кӯҳии ин манотиқ парвариши бодом, писта, анор, ангур, олуча ва чормағз ба мақсад мувофиқ аст. Дар ҷойҳои намнокиаш нисбатан зиёдтар парвариши хурмо ва растаниҳои ороишӣ ба мисли чинор, ар-ар, мувофиқ мебошанд.                 Туту чормағз, растаниҳои донакдору тухмакдор, дарахтону буттаҳои ороишӣ, растаниҳои ғайрикишоварзӣ, ба монанди намудҳои кочҳо, арчаҳо, санавбарҳо, сарв, булут, шаҳбулут дар ҳои миёнакӯҳии навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва қисмати поёнии ноҳияи Рӯшон, ки дар баландии 1500-2000 метр ҷойгир асту ба ноҳияҳои дуюм дохил мешаванд, мерӯянд.Боғҳои себ, зардолу, нокро дар баландии 2000-2500 метр аз сатҳи баҳр дар навоҳии Ванҷ, Рӯшон ва мавзеъҳои поёнии навоҳии Шуғнону Ишкошим, ки шомили минтақаи сеюманд бунёд карданд.                 Ноҳияи чорум баландиҳои 2500-3000 м. ва ноҳияи панҷум аз 3000 метр баландтар аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Дар қисмати аввал мавзеъҳои болооби рӯдхонаи Ғунду Шоҳдараю Ишкошим дохил мешаванд, бештар сафедори помирӣ, туси ҷойдорӣ, олуболуи худрӯй, арчаи шуғнонӣ, зардолу ва себҳои нопайванд, бедҳои (шуғнонӣ, баланд, туронӣ) ва настаранҳо паҳн шудаанд.               Дар мавзеъҳои Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон, Бартанги Болои ноҳияи Рӯшон, Ишкошими Боло ва ноҳияи Мурғоб танҳо настаранҳо, ангатҳои қадпаст қарақоти мӯякдор, бушол ва беди шуғнонӣ мерӯянду халос. Агар ҳамаи ҳамин гуфтаҳо, ки аз лиҳози илмӣ собит гардидаанд, иҷро шаванд, боварӣ дорам, ки 95 дарсади ниҳолу буттаҳоеро, ки баҳорон мешинонанд, камол меёбанд. Ман танҳо ВМКБ-ро мисол овардам, дар асл дар саросари ҷумҳурӣ вазъият аз ин беҳтар нест. Агар кулли ниҳолҳоеро, ки баҳорон дар ҷумҳурӣ мешинонанду онҳо нобуд намешуданд, ҳоло Тоҷикистон ҷангали Мозандаронро мемонд.  

Апрель 10, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид