ДУ АГРЕГАТИ НБО – И «НОРАК» ИВАЗ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар он муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов доир ба фаъолияти соҳа дар давоми се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ маълумот дод. Дар нишасти мазкур қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 млрд. 218,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 289,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, хизматҳои пулакӣ расонданд ва суръати афзоиш 110,1 % — ро ташкил медиҳад. Инчунин дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ 1 корхона, дар маводи сохтмон 21 корхона, мошинсозӣ ва кимиё 3 корхона, саноати сабук 22 корхона, саноати хӯрокворӣ 38 корхона ва соҳаи табъу нашр 2 корхона, дар маҷмӯъ 90 корхонаҳои нав, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъолият надоштанд, ба кор дароварда шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввал дар корхонаю муассисаҳои системаи вазорат 1861 ҷои корӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин ҳаҷми истихроҷи ангишт 105%, нафт 104%, гази табиӣ 113% истеҳсоли бензин 101,8%, сӯзишвории дизелӣ 101,9%, мазут 139,2%, молҳои саноати сабук 111,2%, матои тайёри пахтагӣ 104,7%, орд 104,6%, консерваҳо 4,0 баробар, истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ 114,7%, трансформаторҳои қуввагӣ (ба ҳисоби дона) 130%, арақ ва маҳсулоти он 105%, обҳои маъданӣ 134,8%, ҷӯробу пайпоқ 100,5%, қолину маҳсулоти қолинӣ 114,2%, спирти этил 101,8%, маҳсулоти шири холис 120,3% ва истеҳсоли боз як қатор маҳсулоти дигар афзуд, гуфт П. Муҳиддинов.П. Муҳиддинов зикр кард, ки нақшаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтуда — 2», «Нуробод — 1» ва Фондарё, инчунин барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО — и «Норак» ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ ду чархи нав иваз карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






