ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОЛИВЕ ДЕКАМПРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Апрель 1, 2009 13:51

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Оливе Декампро ба ҳузур пазируфт.                Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.                Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 47 лоиҳа амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфти мусоҳибон, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҳамчунин нақша дорад, ки соли равон дар Тоҷикистон татбиқи боз 12 лоиҳаи дигарро бо маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ оғоз намояд.               Ҷонибҳо оид ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва вусъат додани дастгирии соҳибкории хурду миёна гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                 Таъкид гардид, ки дастгирии бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурди кишвар ва соҳаҳои кишоварзию энергетика се самти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон аст.                Оливе Декамп изҳор дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт дастгирӣ мекунад.                Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ аз афзалияти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика арзёбӣ гардид.                Ба гуфти Оливе Декамп, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо 4 роҳу восита ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кӯмак мерасонад, аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо, ҷудо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағҳои худи бонк, тезондани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва кам кардани мӯҳлати омодасозии лоиҳаҳои нав.                Оливе Декамп ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар равона гаштааст, баҳои баланд дода, таъкид дошт: «ҳолати зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар қарор гирифтани беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар худ аллакай боиси болоравии боварию эътимоди сармоягузорон аст».                Оливе Декамп ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба тавсиаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст.

Апрель 1, 2009 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад