ФАВТИ МОДАРОН ЗИЁД АСТ

Апрель 21, 2009 12:16

                  Бадахшон, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар нишасти матбуотие, ки бо ширкати садори Раёсати тандурустии вилоят Пайкармо Алиёрова ва роҳбарони сохторҳои Раёсат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар тӯли се моҳ дар навоҳии Шуғнон ва Ишкошиму Мурғоб биноҳои нави марказҳои ташхиси тиббӣ ва дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази тибби оилавӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ба хотири таъмири маркази наркологии шаҳри Хоруғ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Фавти кӯдакон дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 15 нафар кам шуд.                  Ҳамзамон табобати шаҳрвандони мамолики ҳамсоя, ки тибқи шартнома сурат мегирад, дар маркази вилоят хеле кам шуд. Чунончи, агар дар се моҳи соли 2008 дар ин беморхона 80 нафар маризон табобат гирифта бошанд, соли 2009 танҳо як нафар. Шояд бар асари бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ бошад, бемориҳои дил рӯ ба афзоишанд. Омили асосии онро коршиносон дар истеъмоли беназми шаробу тамоку мебинанд.  

Апрель 21, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!