ГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КИШОВАРЗОН
Душанбе, 21 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар кори конфронси матбуотӣ, ки ба фаъолияти семоҳаи кишоварзон дар толори хурди Вазорати кишоварзӣ доир гардид, аз ҳарвақта дида иштироки хабарнигорон ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои вазорат мазкур бештар ба чашм мерасид. Фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба роҳ монда шудааст, -иброз дошт муовини аввали вазир Раҳмоналӣ Амиров ба иштирокдорони ҷамъомад. Соли ҷорӣ аз бӯҷети давлат барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ 20 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин албатта нисбат ба қарзе, ки хоҷагидорон дар назди давлат ва сармоягузорон доранд (400 млн. доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар назар дошта шудааст), чандон зиёд нест, аммо бо ин маблағ мумкин аст 10 техникаи таъиноти кишоварзӣ, заҳрхимикат барои нобуд сохтани малах, ки дар 21 ҳазор гектар заминҳои вилояти Хатлон мушоҳида мешавад, соҳаи боғу токпарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, рушди соҳаи қутоспарварӣ, соҳаи моҳипарварӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, рушди соҳаи зотпарварӣ, беҳтар намудани биотехнологияи чорво, созмон додани бонки нутфaю ҷанин, рушди минтақаи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва рушди барномаи асппарварӣ ба таври дилхоҳ истифода карда шавад, -афзуд Раҳмоналӣ Амиров. Аз рақамҳои омории маърӯзачӣ маълум буд, ки соҳаи кишоварзӣ камбудие надорад, ягона чизе, ки намерасад қувваи корист, ки бояд барои обод намудани даштҳои фарохи Данғара, Бешкент ва ноҳияи Турсунзода аз ноҳияҳои минтақаи Рашт, Бадахшону Суғд интиқол ёбад ва бӯҳронеро, ки тамоми дунёро таҳдид дорад, дар кишвар пешгирӣ карда шавад. Чанд саволе, ки аз ҷониби хабарнигорон матраҳ гардид, танҳо ба хотири расмиятчигии конфронс буд, вагарна он чи, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






