ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии вилояти Суғду Хатлон Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ асбобҳои антропометрӣ-қадсанҷ ва вазнсанҷҳои кӯдакона тақсим хоҳад кард. Ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори омма Лайлӣ Аҳмадова дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки барои истифодаи дурусти ин асбобҳо, аз ҳисоби 26 нафар духтурони ин вилоятҳо тренерон тайёр карда мешаванд, ки ба 830 нафар кормандони тиббӣ тарзи дуруст истифодабарии ин асбобҳоро меомӯзанд. Ин барои муайян кардани сабабҳои сустии сабзиши қаду вазни кӯдак ва пешгирии бемориҳо кӯмак мерасонад. Ӯ афзуд, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ба 50 000 нафар занони ҳомила ва таваллудкардаи ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон маводи оҳандор, ҷавҳари фолий ва микроэлементҳо тақсим карда, ба занони таваллудкарда витамини А дода шуд, ки онҳо метавонанд то андозае витаминҳо ва микронутриентҳои даркориро қабул намоянд. Мавриди зикр аст, ки ин кӯмакҳо тариқи грант ба Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ҷавобан ба муроҷиати фаврии Созмони Милали Муттаҳид бо сабаби сармои сахти солҳои 2007-2008 ва баланд шудани нархи анвои хӯрокворӣ дар ҷаҳон ҷудо гашт. Ин қарзи бебозгашт барои бартараф намудани масъалаи норасоии витамини А ва оҳани хун, беҳтар намудани ғизо барои занони ҳомила ва кӯдаки ширхорадошта ва муайян намудани инкишофи сусти кӯдакон равона гардидааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






