ИМЗОИ ПРОТОКОЛ ДАР БОРАИ ДОДАНИ ҚАРЗИ ДАРОЗМУДДАТ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани қарзи дарозмуддати имтиёзноки ҳукумати Фаронса ба Тоҷикистон барои сохтмони терминали майдони ҳавоии байналхалқии Душанбе протоколи иловагӣ имзо карда шуд. Маросими имзои протокол бо иштироки сафири Фаронса дар Тоҷикистон, намояндагони вазорати молияи Тоҷикистон, Бонки «Натиксис» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналхалқии Душанбе» баргузор гардид. Протоколи мазкур илова ба протоколи 8 августи соли 2008 имзошуда қабул гардид. Мувофиқи он, ҳукумати Фаронса ба Тоҷикистон барои сохтмони терминали нави фурудгоҳи байналхалқии Душанбе 17 миллион евро қарзи дарозмуддати имтиёзнок медиҳад. Маблағи умумии сохтмони терминал 27 миллион евро мебошад. 7 миллион еврои онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад. Қарзи мазкур дар давоми 39 сол баргардонда мешавад, маблағи фоидаи солонаи он 0, 15 фоизро ташкил медиҳад. Аз қарзи мазкур дар давоми 20 соли аввал фоида гирифта намешавад. Мӯҳлати сохтмони терминал 2 сол муқаррар карда шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






