ИСТЕҲСОЛИ НАФТУ ГАЗ ВА АНГИШТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Тоҷикистон айни ҳол 17 кони нафту газ ва 16 кони ангишт фаъолият дорад. Яке аз ҳавзаҳои калонтарини гази мамлакат «Хоҷасартез» мебошад, ки соли 1998 мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар ин ҷо то соли 2007 гази табиӣ истеҳсол карда мешуд. Вале истеҳсоли газ бо сабаби набудани маблағи зарурӣ қатъ гардид. Ширкати «Тетис Петролиум Лимитед» — и Канада аввали соли равон барои барқарор сохтани кони гази мазкур маблағ ҷудо кард. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» — и ҷумҳурӣ Саидҷон Саидраҳмонов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки айни ҳол дар ҳавзаи гази «Хоҷасартез» чоҳҳои нафткашӣ барқарор карда мешаванд. Имрӯз ба шаҳри Кӯлоб аз кони гази «Бештентоқ» — и ноҳияи Балҷувон ҳар шабонарӯз аз 6 то 7 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дода мешавад. Қайд карда шуд, ки дар шароити имрӯза дар мамлакат ҳар шабонарӯз 70 тонна нафт ва аз 50 то 55 ҳазор метри мукааб газ истеҳсол карда мешавад. Нархи ҳазор метри мукааб гази табиӣ 256 сомонӣ мебошад, ки аз гази ба Тоҷикистон воридшавандаи Ӯзбекистон хеле арзонтар аст. Айни ҳол имконияти ба хонаҳои мардум ва корхонаҳои саноатӣ додани то 60 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар давоми шабонарӯз вуҷуд дорад, вале бо сабаби набудани воситаҳои ҳамлу нақл ва истеъмолкунандагон дар давоми шабонарӯз ҳамагӣ 34 — 35 ҳазор метри мукааб газ дода мешавад. Мо, аз ҷумла, метавонем дар мавриди муҳайё сохтани имкониятҳои техникӣ Корхонаи нуриҳои азотии Вахшро бо гази табиӣ таъмин намоем, гуфт С.Саидраҳмонов. Айни ҳол аз кони гази «Қизилтумшуқ» ба ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Сарбанд ва шаҳри Қӯрғонтеппа гази табиӣ дода мешавад. Дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 100 мавзеи дорои захираҳои фаровони гази табиӣ ошкор карда шудааст. Дар ин мавзеъҳо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ зарур мебошад. Пешгӯӣ карда мешавад, ки захираи газ дар ин мавзеъҳо як миллиарду 33 миллион тоннаи шартиро ташкил медиҳад. Вале барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо маблағҳои калон лозиманд. Зеро гази табиӣ дар ин мавзеъҳо дар чуқурии 5 — 7 ҳазор метр ҷойгир шудааст. Ин масъала дар сатҳи ҳукумат баррасӣ карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳи вазорати энергетика ва саноат бо баъзе ширкатҳои хориҷӣ барои ҷустуҷӯи манбаъҳои нафту газ шартнома имзо кардаанд. Яке аз онҳо ширкати «Газпром» — и Русия мебошад. Барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ қариб 300 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Корҳои ҷустуҷӯи геологӣ дар мавзеи газдори «Комсомол» дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе давом дорад. С.Саидраҳмонов афзуд, ки айни ҳол дар мамлакат ҳар шабонарӯз 70 — 80 тонна нафт истеҳсол намуда, аз он дар се корхонаи хурди дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ воқеъбуда бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва битум истеҳсол карда мешавад. Соли 2008 дар мамлакат 122 ҳазору 216 тонна ангишт истихроҷ карда шуд. Соли 2009 истихроҷи бештар аз 200 ҳазор тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст. Ин барои таъмини эҳтиёҷоти мамлакат кифоя мебошад. Мо ният дорем, ки як қисми ангиштро ба хориҷи мамлакат содир намоем, гуфт дар хотима С.Саидраҳмонов.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






