ИСТЕЪДОДИ ХУДОДОД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Рӯзи 11 апрели соли равон дар мактаб — интернати чумхуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда рузи хотираи собиқ толибаи ин мактаб Хиромон Расулӣ барпо гардид. Хиромон Расулӣ то синфи ҳафт дар ин мактаб таҳсил кардааст ва даҳ сол пеш аз бемории вазнин ин дунёро тарк гуфтааст. Хиромон кист, ки ҳар сол чун анъана дар айёми баҳорон ҳаммактабонаш ёдбуди ӯро ҳамчун як ид мегузаронанд? Ӯ толибаи пешқадаму намунаи ибрат буд. Вай баробари бо баҳои хубу аъло таҳсил карданаш мусиқинавози боистеъдоде буд. Қатъи назар аз сустии шунавоияш вай дар дувоздаҳсолагиаш асарҳои композиторони машҳури рус ва Fарбро озод дар пианино менавохт, ки аз ин истеъдоди фавқулоддаи ӯ ҳама дар ҳайрат буданд. Дар репертуари вай асарҳои Чайковский, Бах, Бетховен, Глинка, Мосарт, Кабалевский ва дигарон ҷой гирифта буданд, ки оҳангҳои марғуби ин композиторон аз зери панҷаҳои нозуки Хиромон басо форам танинандоз мешуданд. Хиромон худ низ мусиқӣ меофарид. Мусиқиҳояш «Paқс дар кухсор», «Модар», «3ангӯла», «Баҳор», «Хотираи Карина» ва ғайра дар сабти видео ва аудио маҳфуз аст. Оҳангҳои эҷодкардаи вай ҳануз гоҳ -гоҳ тавассути телевизиону радио садо медиҳанд. Композитор ва дирижёри машҳури итолиёвӣ Алберто Померанс, ҳангоми сафараш ба Душанбе бо Хиромон вохӯрда, аз истеъдоди беҳамтои вай огоҳ шуда, дар соядасташ дар барномаи консертиаш ба Хиромон навишта буд: «Хиромон нобиға аст!» Хиромон Расулӣ дар оилаи рӯзноманигорон Абдураҳмон Расулӣ ва Туҳфа Расулӣ ба дунё омада, то чордаҳсолагӣ аз сирру асрори санъати мусиқӣ огоҳӣ пайдо кард. Педагоги мусиқӣ Регина Болшакова аз истеъдоди беназири у ба ваҷд омада, мегуфт: «Ман дар умри худ бисёр кӯдакони лаёқатмандро дидаам, аммо Хиромон беназир аст. Вай дар як сол барномаи сесолаи таълими мусиқиро аз худ кард». Хиромон орзую ҳавасҳои зиёд дошт. Ҳарчанд ки дар бораи вай барномаҳои телевизионӣ, радио таҳия шуда, қариб ҳамаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо чоп кардаанд, ҳануз асрори истеъдоди ӯ пурра кушода нашудааст. Шаҳрванди англис Пол МакГрегори, ки сарпарасти Хиромон буд, дар бораи ӯ ба забони англисӣ қисса эҷод карда, сенарияи филмеро таҳия кардааст. Нашриёти «Истиқбол» бахшида ба Хиромон китоберо ба чоп омода сохтааст, ки бо сабаби мушкилиҳои маблағ он китоб алҳол рӯи чопро надидаст. Хиромон Расулӣ ва истеъдоди нотакрори ӯ ҳануз ниёз ба тарғибу ташвиқ дорад. Хиромон Расулӣ — гирандаи ҷоизаи Бунёди атфоли Ҷ:умҳурии Точикистон буд ва ҳоло гӯшаи мактаб — интернати зикршударо лавҳаи калоне аз фаъолияти мусиқинавози хурдсол оро медиҳад. Талабагон ва толибагони мактаб рӯбарӯи ин лавҳа истода, орзуи мисли Хиромон буданро мекунанд. Дар рӯзи хотираи Хиромон директори мактаби мазкур Мукаррама Неъматова эълон дошт, ки дар ин ҷо осорхонаеро ба хотираи Хиромон Расулӣ таъсис хоҳанд дод. Дар рӯзи ёдбуд тарбиятгирандагон бо рақсу суруд ва қироати шеърҳо хотири ҳозиринро шод намуданд. Намунаи Хиромон Расулӣ дар ҳаёти толибилмони чумҳурӣ аз воқеаҳои нодиртаринест. Хиромон тимсоли истеъдоди худодод аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






