ИСТЕЪМОЛГАРОН ӮҲДАДОРИАШОНРО ИҶРО НАМЕКУНАНД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бинобар риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тартиби ситонидани ҳаққи хизмат барои обрасонӣ аз шабакаҳои давлатии обёрӣ» ва «Оид ба тартиби ҳисоббаробаркунӣ» қарзи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакент дар назди хоҷагии оби ноҳия ба 893 ҳазору 995 сомонӣ мерасад, иброз дошт сардори идораи хоҷагии оби ноҳия Қурбон Усмонов. Тибқи қарори мазкур, хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки 40 фоизи маблағро барои таъмири ҷорӣ ва омода сохтани шабакаҳои обрасонӣ пешпардохт намоянд. То моҳи апрели соли ҷорӣ қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди хоҷагии оби ноҳия ба 502 ҳазор сомонӣ расидааст, ки аз он ҳамагӣ 99 ҳазору 240 сомонӣ пардохт карда шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






