КИШТИ ЧИГИТ ДАВОМ ДОРАД
Хуҷанд, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- То имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 3,5 ҳазор гектар чигит корида шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ноҳия Лутфулло Муҳиддинов хабар дод. Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Шамсиддин Ҷумъаев гуфт, ки имсол барои парвариши ҳар гектар пахтазор 800 доллари ИМА зарур мебошад. Умуман барои парвариши пахта дар ноҳия зиёда аз 7 миллион доллари ИМА сарф карда хоҳад шуд. Соли 2008 маблағгузорӣ ба соҳаҳои пахтакорӣ 3 миллиону 494 ҳазор доллари ИМА буд. Аз ин маблағ 1 миллиону 757 ҳазор доллар қарзи сармоягузорон баргардонида шуд. Мӯҳлати баргардонидани қарзҳои боқимонда дароз карда шудааст. Тарҷумаи Зебо Иноятова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






