КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — 23 апрели соли ҷорӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар сохтмон ва меъмории назди Агентии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1310 -солагии Имоми Аъзам конфронс баргузор гардид. Дар конфронси мазкур роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам Мукаррам Музаффаров маърӯза кард. Дар фарҷоми конфронс байни иштирокчиёни он оид ба фиқҳи Абӯ Ҳанифа ва саҳми Имоми Аъзам дар рушди мазҳаби ҳанафия табодули афкор сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






