КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 30, 2009 10:34

              Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа барои кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байналхалқӣ кушода шуд. Дар он роҳбарон ва кормандони масъули муассисаҳои илмии созмонҳои байналхалқӣ ва хадамоти иттилоотию алоқаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд. Дар маросими кушодашавии конфронс директори барномаҳои илмии НАТО Крис Виспеларе ва ноиби раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Хуршед Каримов сухан карданд.            Ҳадафи конфронс мавриди истифода қарор додани таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон ва дар асоси он ташкил намудани шабакаи минтақавии иттилоотӣ ва маркази маълумот барои кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ мебошад. Дар конфронс зикр карда шуд, ки вақтҳои охир миқдори фалокатҳои табиӣ афзуда сабаби ҳалокати одамон ва харобии корхонаю муассисаҳо ва иншоотҳо мегарданд. Конфронс 1 май ба охир мерасад, дар фарҷоми он тавсияҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Апрель 30, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд