МАРҲАБО БА ОСОИШГОҲИ ҶОНУ РӮҲ!

Апрель 23, 2009 15:38

                                                       Дастгирии Паёми Сарвари давлат                                 Истаравшан, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Чанд рӯз қабл тавассути оинаи нилгун Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бодиққат гӯш кардам, — мегӯяд муовини раиси ҶСК «Осоишгоҳи Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан Инъом Муҳаммадиев. Дар он таҳаввулоти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии кишварамон ба таври дақиқ таҳлил гардида вазифаҳо барои соли равон ва давраҳои минбаъда равшану возеҳ баён гардидаанд. Умуман дар ҳар Паёми Сарвари кишварамон масъалаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, илмию адабӣ, фарҳангию ҷамъиятии кишвар, беҳдошти рӯзгори мардумони он чун хати сурхе зоҳир гардида ҷомеаи моро зина ба зина ба пешрафту шукуфонӣ мерасонад. Барои мо соҳибкорон боиси хурсандист, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушду нумӯи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.                  Дар Паёми имсолаи он кас, ки 15 апрели соли равон доир гардид, гуфта мешавад, ки «Мо бояд дарк намоем, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна ин зиёдшавии ҷойҳои корӣ ва умуман роҳи пурсамари ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад».                  Аз ин рӯ маҳз ба шарофати дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории соҳибкории хурду миёна ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон мубаддал гардида бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, аз байн бурдани санҷишҳои беасос ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз моҳи июли соли 2008 бо Фармони Президент ба ҳамаи намудҳои санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба муддати ду сол мораторий эълон карда шуд. Дар ҳақиқат, ин тадбири бамаврид барои рушди соҳа ва дасгирии соҳибкорон мадади калон расонид.                 Ман шахсан ободии имрӯзаи Осоишгоҳи «Уротеппа»-ро маҳз ба туфайли чунин тадбирҳои судбахши Сарвари давлатамон медонам.Аз ин рӯ мо соҳибкорон ҳаракат мекунем, ки бо меҳнати ҳалол, ташкили корхонаю муассисоти тавлидотӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба чунин боварии Сарвари давлатамон сазовор гардем. Коре кунем, ки Ватанамон обод ва мардумони он осудаю озод зиндагӣ дошта бошанд.                 Дар мавриди Осоишгоҳамон бошад ҳаминро мегӯям, ки онро ҳар сол садҳо ниёзмандон истифода менамояд зеро он табиати мӯҷизаосою рангин дорад. Сайри боғҳои биҳиштосояш, накҳати ҳавои ҷонбахшу лаззати обҳои чашмасорони шифобахшаш барои ҳар чаҳор фасли сол ба муштариён мувофиқ мебошад. Мо агар ба хотири шифои дарду ранҷҳо ва осоиши рӯҳу ҷони мардумонамон заррае ҳам бошад, хизмат расонида тавонем, худро хушбахт эҳсос мекунем. Марҳабо, азизон ба Осоишгоҳи «Уротеппа».  

Апрель 23, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад