МАШВАРАТИ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шавад. Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи гузаштан ба лампаҳои каммасрафи барқӣ зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва вазорату идораҳо сар карда, то ҳар як хонавода ҳарчи зудтар бояд ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаранд ва таъкид намуд, ки 241 ҳазор оилаҳои камбизоат бо чунин лампаҳо аз ҳисоби давлат таъмин карда шаванд. Ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки оид ба фоида ва аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ барномаҳои фаҳмондадиҳӣ таҳия ва пешкаши мардум намоянд. Мутобиқи супориш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан то 1 — уми октябри соли равон бояд пурра ба анҷом расонда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳо оид ба кам кардани андозҳо, афзун намудани қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон, дароз намудани мӯҳлати баргардонии қарзҳои пахтакорон ва паст намудани фоизи ин қарзҳо таъмин карда шавад. Тибқи супоришҳо, баҳри расондани майдони кишти такрорӣ ба 200 ҳазор гектар ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об бояд тадбирҳои судбахш андешида шаванд. Қатъан талаб карда шуд, ки корҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ, тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳи азими Норак, истихроҷи гази табиии худӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои стратегии иқтисодиёти кишвар тезонда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вусъат додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда ва доир ба иҷрои босамару саривақтии тамоми нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






