МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАЗИР ДАР ХУҶАНД

Апрель 7, 2009 14:32

                        Хуҷанд, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Тавре хабар дода шуда буд, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз 4 то 6 апрели соли равон барои боздиди корӣ ба вилояти Суғд сафар карда буд. Вай рӯзи охирини сафар, 6 апрел бо роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят машварати корӣ гузаронд. Дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти минтақа дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 таҳлил ва ҷамъбаст карда шуданд. Дар машварат вазири саноат ва энергетика Гул Шералӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳо ва корхонаю хоҷагиҳои вилоят иштирок доштанд. Машваратро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода кушод.                          Муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов дар бораи фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар давоми се моҳи аввали соли равон сухан ронд. Вай, аз ҷумла гуфт, ки дар ин давра аз 232 корхонаи саноатӣ 142 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд карданд, 39 корхона умуман кор накард. Корхонаҳои саноатии вилоят бо вуҷуди душвориҳои таъминоти қувваи барқ ба маблағи 222 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта 9,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                          Дар ин давра ба соҳаи сохтмон аз манбаъҳои гуногун 102,7 миллион сомонӣ маблағ гузошта шуд, ба маблағи 15 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Деҳқонони минтақа ба маблағи 157,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварданд. Дар масоҳати 45,2 ҳазор гектар тухми зироатҳои гуногун, аз ҷумла, дар масоҳати 11,7 ҳазор гектар чигит корида шуд. Масоҳати замини обёришавандаи вилоят 250 ҳазор гектар мебошад, ки 70 фоизи он ба воситаи насосҳо об дода мешавад.                           Қайд карда шуд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ аз раёсати хоҷагии об 59,1 миллион сомонӣ ва раёсати хоҷагии об аз муассисаҳои фурӯши барқ 62,9 миллион сомонӣ қарздоранд. Айни ҳол дар миқёси вилоят тақрибан 76 фоизи пули қувваи барқи истифодашуда ҷамъ оварда мешавад.                           Сарвазир Оқил Оқилов дар фарҷоми машварат дар бораи истеҳсоли молҳое сухан ронд, ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавоб дода тавонанд. Вай мақомоти маҳаллиро даъват намуд, ки истеҳсолкунандагони молро дастгирӣ кунанд. Дар охир сухан дар бораи ташкили мавсими обёрии зироат ва дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт рафт.  

Апрель 7, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид