МАВЛОНО ЯҚУБИ ЧАРХӢ ДЕҲҚОНИ АСИЛ БУД
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Яқуби Чархӣ — аҳвол ва осор», таҳти чунин унвон нашриёти «Пайванд» китоби донишманд ва муҳақиқи эронӣ Муҳаммадҷаводи Шамсро ба тозагӣ аз чоп баровард. Китоб бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 адад бо хатти форсӣ нашр шуд. Он аз се фасл- куллиёт дар бораи маъно ва мафҳум, силсилаи нақшбандия ва бузургони он ва муаррифии асар ва эҷодиёти Яқуби Чархӣ иборат аст. Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Яқуб ибни Усмони Чархӣ яке аз шахсиятҳои бузурги олами ислом, мутафаккир ва файласуфи барҷастаи тоҷик буда, нимаи дуюми асри 15 дар деҳаи Чархи Афғонистон дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Мавлоно дар назди бузургону донишмандони маркази бузурги илму маърифат ва тамаддуни он давр — Ҳирот аксари илмҳои маъмули замонашро омӯхт. Мавлоно Яқуби Чархӣ намояндаи тариқати нақшбандия буда, осори Боязиди Бостомӣ, Абдулло Ансорӣ , Шайх Аттор ва дигар пирони тариқати нақшбандияро омӯхт. Чархӣ ба Бухоро омада, бо Хоҷа Баҳоваддини Балогардон шинос мешавад ва яке аз шогирдони вафодори ӯ мегардад. Баҳоваддини Балогардон шогирди вафодори худ Мавлоноро барои тарғиби ҷараёни нақшбандия ба сарзамини Чағониён — водии Ҳисор мефиристад. Яқуби Чархӣ ба Чағониён омада, дуртар аз Қалъаи Ҳисор дар деҳаи Алғату маскун гардида, то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ менамояд. Мавлоно дар баробари донишманд, деҳқони асил буда, аз меҳнати ҳалол нон хӯрданро фазилати бузурги инсонӣ арзёбӣ кардааст. Маҳз бо донишмандӣ, хоксорию меҳнатдӯстиаш ӯ дар байни мардум маҳбуб гардида, ҳатто Абдураҳмони Ҷомӣ ба дидори Мавлоно шарафёб мегардад. Мавлоно бо кӯмаки мардум масҷиди ҷомеъ бунёд кард, ки бо гузашти қарнҳо мардум дар онҷо ба ибодат машғуланд. Марқади Мавлоно Яқуби Чархи дар 5 километрии Душанбе дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо номи Ҳазрати Мавлоно машҳур буда, зиёратгоҳи мардум гардидааст. Ва бо иқдоми мардум он сол аз сол ободу зебо мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






