МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ШАЙХ А. ФАҲАД

Апрель 8, 2009 14:10

              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардонда шуд.              Ордени Шӯрои олимпии Осиёро Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад тақдим намуд.              Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро қадшиносии баланди олами варзиши Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Президенти Шӯрои олимпии Осиё арзи сипос кард.               Зимни сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад масоили ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд.               Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди мавҷуда нишондодҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ сол ба сол рӯ ба болоравӣ доранд.               Шайх Аҳмад ас — Сабоҳ ал Фаҳад иттилоъ дод, ки имрӯз миёни Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад ва ҳадафи асосӣ аз онҳо кӯмак расондан ба Тоҷикистон дар сохтмони иншооти варзишӣ ва беҳсозии тарбияи ҷисмонии мактаббачагон аст.               Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Шӯрои олимпии Осиё омодааст барои таъмини рушди бештари варзиш дар Тоҷикистон кӯмакҳои худро афзун намояд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, ки намояндаи воломақоми Давлати Кувайт аст, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.              Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳсозӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ба Кувайт содир намудани оби нӯшокӣ ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бояд густариш дода шаванд.  Ба гуфти шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, Давлати Кувайт омодааст сохтмони то 60 иншооти соҳаҳои маорифу тандурустиро маблағгузорӣ кунад.             Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 8, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд