МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Я. БАЛЛА

Апрель 24, 2009 14:00

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Венгрия дар Тоҷикистон Янош Балла эътимоднома қабул намуд.               Дар сӯҳбат бо Янош Балла, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он дошт, ки дар марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои ду кишвар ба густариши равобити иқтисодӣ низ бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.                Сафири нави Венгрия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки баҳри мавриди истифода қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо ва илму фарҳанг ҷаҳду талош мекунад.                 Соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, дорусозӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятнок барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ арзёбӣ гардид.                 Зимни баррасии авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ Янош Балла ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақа ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ба густариши робитаҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд таъкид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 24, 2009 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид