МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО ҲАЙАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Апрель 8, 2009 14:11

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кумитаҳои ҳамкории парламентии Иттиҳоди Аврупоро, ки бо роҳбарии Она Юкневичине бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши рӯзафзуни муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид намуд: «барои То?икистон омӯхтани таҷрибаи фарохи парламентаризми Аврупо аҳамияти зиёд дорад».                 Ба гуфти Она Юкневичине Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд ва мулокоту вохӯриҳои бо ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо анҷомдодааш, ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо такони тоза дод.                «Баъд аз ин мулоқотҳо дар Аврупо фаҳмиши нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини амнияту суботи минтақа беҳ шуд», таъкид намуд Она Юкневичине.                Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкории Тоҷикистону Аврупо дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, амнияти минтақавӣ, илму маориф, тандурустӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                 Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба омодагӣ ба мулоқоти «Тройка» — и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.              Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Пhезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 8, 2009 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд