МУЛОҚОТИ САРАТОНШИНОСОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 9 апрел дар толори маҷлисҳои меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маҷлиси навбатии сиюми Иттиҳоди директорони пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои саратоншиносӣ, таҳқиқи шуои радиатсионӣ ва ренгентгенологии мамлакатҳои ИДМ кушода мешавад. Иштирокчиёни маҷлиси мазкур имрӯз ба Душанбе меоянд. Инчунин, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» бахшида ба ин масъала конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар ин ҷамъомадҳои муҳим проблемаҳои соҳаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ИДМ, инчунин, масъалаҳои ташкилии гузаронидани анҷумани шашуми саратоншиносони мамлакатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе соли 2010 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






