МУСУЛМОНОНИ ЧИН БО ЭҶОДИЁТИ ИМОМИ АЪЗАМ ШИНОС МЕШАВАНД

Апрель 29, 2009 10:43

                Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 28 апрел дар Пекин бо раиси Иттиҳоди мусулмонони Чин Хиралундин Чэн Гуанюан мулоқот кард. Х.Ч.Гуанюан зикр намуд, ки Иттиҳоди исломии Чин имрӯз бештар аз 22 миллион мусулмонро муттаҳид менамояд. Онҳо намояндагони бештар аз даҳ миллати хурди мамлакат мебошанд. Ҳадафи асосии Иттиҳоди мусулмонони Чин ташвиқу тарғиби сиёсати озодии имон, эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои қонунии мусулмонони мамлакат ва риояи анъанаҳои беҳтарини исломӣ мебошанд, гуфт мизбон.                 Вай афзуд, ки Иттиҳоди мазкур дар саросари Чин 500 филиал дорад ва дар онҳо бештар аз 10 ҳазор нафар кор мекунад. Имрӯз дар саросари Чин бештар аз 45 ҳазор масҷид мавҷуд аст, ки қариб 50 ҳазор имом дорад. Кормандони муассисаҳои динӣ дар 10 донишгоҳи исломӣ тайёр карда мешаванд.                 Мо медонем, ки дар Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти фарзанди бузурги халқи тоҷик ва мутафаккири барҷастаи ҷаҳони ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон шудааст. Ман бо таълимоти ин шахсияти барҷаста ба хубӣ шинос мебошам. Имом дар бобати оммавӣ гардондани анъанаҳои неки динӣ ва роҳ андохтани муколамаи фарҳангҳо нақши муҳим бозидааст, гуфт Х.Ч.Гуанюан.                Рашид Олимов зимни сӯҳбат ба роҳбари Иттиҳоди мусулмонони Чин дар бораи фаъолияти муассисаҳои динӣ дар Тоҷикистон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, мустаҳкам сохтани пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу осоиш дар мамлакат маълумоти муфассал дод. Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 29, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид