НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Соли 1932 деҳаи Хоруғ мақоми шаҳрро гирифт. Аз он давра 77 сол гузашт. То имрӯз дар маркази вилоят бунёдкориҳо тибқи нақшаи ҳамон солҳо идома доштанд. Дар Даврони Шӯравӣ Низомномаи шаҳрсозӣ комилан риоя карда мешавад, аммо аз солҳои муқовиматҳои ҷонибҳои даргир сохтмонҳои беназм оғоз гаштанд. Симои шаҳрсозӣ хеле коста гардид. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, дар муддати як моҳ, яъне то охири моҳи апрел нақшаи Генералии шаҳри Хоруғ омода гардонда мешаванд. Дар беҳбуди ин кор мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо Вазорати нақлиёт, Агентии сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ, идораи давлатии лоиҳакашӣ ва меъмории «Бадахшониншоот» ва Бунёди Оғохон фаъолият дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






