НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи намояндагони Парлумони Аврупо барои боздиди корӣ ба Душанбе омад. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сафари кории намояндагони Парлумони Аврупо дар доираи мулоқоти чоруми намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Аврупо сурат мегирад. Меҳмонон дар оғози сафар бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев мулоқот мекунанд. Пагоҳ, 7 апрел мулоқоти намояндагони Парлумони Аврупо бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили коррупсия Шерхон Салимов ба нақша гирифта шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






