НАСБИ ҲИСОБКУНАКҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар доираи «Татбиқи лоиҳаи кам кардани талафоти нерӯи барқ» то имрӯз 35 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву идораҳои шаҳри Душанбе насб карда шуданд. То моҳи декабри соли ҷорӣ 190 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ бояд дар пойтахт насб карда шавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки Ҷаҳонии Рушд ва кафолати давлати Швейтсария татбиқ гардид. Ҳисобкунакҳои нави электронӣ имкон медиҳанд ки талафоти нерӯи барқ кам карда, ҳисобу китоби он ба меъёри муайян дароварда шавад. Бояд қайд кард, ки ҳисобкунакҳои, кӯҳна таъмир гардида ба ноҳияҳои дигари ҷумҳури фиристода мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






