НИШАСТИ МАТБУОТӢ ҚОЛАБӢ НАБУД
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ аз намоишномаи «Чароғи Ҳидоят», ки ба соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит бахшида шуда буд, оғоз ёфт. Намоишнома аз касбияти волои ҳунарпешагони театри халқии ноҳия гувоҳӣ дод. Ин худ нишони он буд, ки мардуми ин сарзамин на фақат аз касби бобоии худ- кишоварзӣ, балки аз фарҳанги ҳазорсолаи гузаштагони худ низ баҳраваранд. Аз иттилооти дар нишасти матбуотӣ додаи раиси ноҳия Мансур Қодиров маълум гардид, ки фаъолияти кори корхонаю муассисаҳо дар асоси талаботи дурнамои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шуда, амалӣ гардидани нақшаҳо дар ҳамкории идораю ташкилт, корхонаю муассисаҳо таҳти назорати бевосита карор ёфтааст. Истеҳсоли маҳсулоти ноҳия ба 18 млн. 993 ҳазор сомонӣ расонида шуда бошад ҳам, камбудиҳои зиёде дар соҳаи маориф, тиб, коммуналии ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд, ки вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда қарорҳои мушаххас қабул гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






